Зиндагиномаи С.Айнӣ आइकन

1.0 by some simpe


May 21, 2018

Зиндагиномаи С.Айнӣ के बारे में

Zindaginomai S.Aynӣ

Дар китоб зиндагии устод Садриддин Айнӣ ба сурати солнома омада, санаҳои таърихӣ ва рухдодҳои муҳимми ҳаёти ӯро фаро гирифтааст. Бар асоси санадҳо ва ёддоштҳои ашхосе, ки устод Айниро медонистаанд, дар ҷабҳаи муборизаву талошҳои хаста- гинопазираш дар роҳи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тамаддуну фарҳанги миллат ҳамроҳу ҳамкораш будаанд, зиндагии тоинқилобй ва даврони шӯравии ӯ то вопасин соатҳои ҳаёташ тасвир шудааст.

«Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ» бар асоси «барномаи илмии мавзуӣ», ки соли 1974 барои намоишгохи ҷашнии соли 1978 дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ навишта шуд, таълиф гардидааст.

Чунонки медонем асари шарҳиҳолии Айнӣ «Ёддоштҳо» нотамом аст. Қиссаи «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», ки мешавад гуфт ангораи «Ёддоштҳо» мебошад, бахшҳои аз назар афтодаи онро оғоз аз рухдодҳои соли 1905 пурра меку- над.

Бар асоси ин ду асар зиндагии Садриддин Айниро сол ба сол омӯхта истода ба чунин натиҷа расидем:

1. Санаҳое, ки дар ин ду асар оид ба як рухдод оварда шудаанд, гуногунанд. Ин дугунагӣ пажӯҳиши тоза мехост.

2. Қиссаи «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» ҷузъиёти рухдодҳои зиндагии Айниро то соли 1948 фаро мегирад. Аз ин рӯ, ниёз ба дарёфти маводи бепггар барои тасвири зиндагии ӯ пеш омад.

Мо ночор шудем ҳатго он бахши зиндагии ӯро, ки дар «Ёддоштҳо» омадааст, бо муроҷиат ба сарчашмаҳои дигар ва муқоисаи мадракҳо дақиқ намоем, то шубҳаамон дар мавриди ин ё он сана бартараф гардад. Чунончи, ҳангоми иншои «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ» ошкор гашт, ки қасидаи «Беҳуҷраву бекӯяму беҷомаву дастор», ки ба аълами Бухоро Ғиёсиддинмахдум бахшида шудааст, марбут ба нимаи аввали

соли 1902 мебошад, на соли 1901, ки дар бархе маҷмӯаҳо, аз ҷумла «Аигьори мунтахаб» омадааст (48, 118)*. Далел ин аст, ки Айнӣ дар «Ёддоштҳо» менависад, ки замистони соли 1901 Абдухалилмахдум ҳуҷраашро, ки нависанда аз соли 1898 чор сол дар он зиндагӣ карда буд, фурӯхт. Замистони дароз Айнӣ дарбадар буд, гоҳе дар ҳуҷраи ин дӯсту гоҳе дар ҳуҷраи он дӯст ба сар мебурд, муддате дар мадрасаи сарду намноки До- мулло Шер ҳам зист ва баҳори соли 1902 ба хонаи Аҳмадҷон- махдум омад. Инро ки баҳори соли 1902 Айнй дар хонаи Аҳмадҷонмахдум зиндагӣ кардааст, ду борчаспи китобҳои он замон нашршуда, ки ба нишонӣ ва номи Айнӣ набишта шуда- аст, побарҷо мекунад.

Тобистони соли 1902-ро Айнй дар ҳуҷраи Сироҷмаҳцум, дар мадрасаи Кӯкалтош пушти сар кард. Қасидаи ёдшуда бо маслиҳати дӯстон дар ҳамин рӯзҳои саргардонй набишта шуда буд. Ним сол гузашт. вале қасида натиҷае ба бор наёвард. Дар ин муддат Шарифҷонмахдуми Садри Зиё пас аз хондани қаси- даи мазкур андешаи пинҳон дар онро фаҳмид ва ҳамон сол барои Садриддин Айнӣ аз мадрасаи Кӯкалтош ҳуҷрае харид.

Бинобар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» Айнӣ дар ин ҳуҷра аз соли 1907 то соли 1917 зиндагӣ кардааст. Аммо дар «Ёддоштҳо», ки дергар иншо гаштааст, омада ки ӯ дар ин ҳуҷра 15 сол, то рӯзи зиндон шуданаш дар апрели 1917 ба сар бурдааст. Пайдост, ки ҳуҷра бар асоси муқоисаҳои мо, соли 1902 харида шуда буд. Ва бидуни шак мешавад гуфт, қасидаи мазкур нимаи аввали соли 1902 набипгга шудааст.

अनुवाद लोड हो रहा है...

अतिरिक्त ऐप जानकारी

नवीनतम संस्करण

निवेदन Зиндагиномаи С.Айнӣ अपडेट 1.0

Android ज़रूरी है

4.0 and up

अधिक दिखाएं

नवीनतम संस्करण 1.0 में नया क्या है

Last updated on May 21, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

अधिक दिखाएं

Зиндагиномаи С.Айнӣ स्क्रीनशॉट

पिछले 24 घंटों में लोकप्रिय लेख

टिप्पणी लोड हो रहा है...
खोज हो रही है...
APKPure की सदस्यता लें
सर्वश्रेष्ठ एंड्रॉइड गेम और ऐप्स के शुरुआती रिलीज, समाचार और गाइड तक पहुंचने वाले पहले व्यक्ति बनें।
जी नहीं, धन्यवाद
साइन अप करें
सफलतापूर्वक सब्सक्राइब!
अब आप APKPure की सदस्यता ले रहे हैं।
APKPure की सदस्यता लें
सर्वश्रेष्ठ एंड्रॉइड गेम और ऐप्स के शुरुआती रिलीज, समाचार और गाइड तक पहुंचने वाले पहले व्यक्ति बनें।
जी नहीं, धन्यवाद
साइन अप करें
सफलता!
अब आप हमारे न्यूज़लेटर की सदस्यता ले चुके हैं।